rocket_launch

Ба наздикӣ дастрас мешавад!

Функсияи интернет-бонкдорӣ дар ҳоли таҳия аст ва дар ояндаи наздик дастрас мешавад. Навгонӣҳоро пайгирӣ кунед!

Дар бораи мо

Дар бораи таърих, рисолат ва арзишҳои мо, ки фаъолияти моро ҳаррӯза муайян мекунанд, бештар донед.

Мо кистем

Ганҷ Молия яке аз ташкилотҳои пешбари қарзии хурд дар Тоҷикистон аст, ки аз моҳи июни соли 2025 хидматрасонии молиявиро ба аҳолӣ ва соҳибкорон пешниҳод мекунад.

Дастаи мутахассисони мо барои эҷоди маҳсулотҳои навовари молиявӣ кор мекунад, ки ба мизоҷони мо барои расидан ба мақсадҳояшон кӯмак мекунад.

account_balance

Маълумот дар бораи ташкилот

Маълумоти расмӣ дар бораи таъсис, иҷозатнома ва фаъолияти ҶДММ ТАҚХ «ГАНҶ МОЛИЯ».

apartment

Таъсиси ташкилот

Мувофиқи Қарори муассиси ягона, аз санаи 25 ноябри соли 2024 таҳти №01 ҶДММ ТАҚХ «ГАНҶ МОЛИЯ» таъсис дода шуд.

verified

Иҷозатномаи бонкӣ

Ба ҶДММ ТАҚХ «ГАНҶ МОЛИЯ» иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолиятҳои бонкӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санаи 11 июни соли 2025 таҳти №0000339 дода шудааст.

rocket_launch

Оғози фаъолият

ҶДММ ТАҚХ «ГАНҶ МОЛИЯ» фаъолияти худро баъд аз гирифтани Иҷозатнома ҳамчун узви ташкилотҳои қарзӣ оғоз кард.

lightbulb

Мақсади асосӣ

Мақсади асосии Ҷамъият ин воридсозии технологияҳои нав ва маҳсулотҳои инноватсионӣ буда, омодасозии хизматрасониҳои бонкӣ барои муштариён аст.

shield

Суғуртаи амонатҳо

ҶДММ ТАҚХ «ГАНҶ МОЛИЯ» узви хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон мебошад.

workspace_premium

Тамғаи молӣ

ҶДММ ТАҚХ «ГАНҶ МОЛИЯ» дорои Шаҳодатномаи тамғаи молӣ мебошад.

Омодаед, ки мизоҷи мо шавед?

Ба наздиктарин шӯъба ташриф оваред ё бо мо барои маслиҳат тамос гиред.

location_on Шӯъба ёбед call +992 44 650 53 53